Ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бо чорабиниҳои варзишӣ

Санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонова ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли равон ҷашн таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” таҷлил мегардад. Гуфта мешавад, ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави […]

Санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонова ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли равон ҷашн таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” таҷлил мегардад.

Гуфта мешавад, ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ аз рӯи намуди машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор мешаванд.

«Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ гардида, сокинон метавонанд дар машқҳои паҳогирӯзӣ, ки аз соати 6:30 то 7:30 дар саҳни шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мегардад ширкат намоянд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ бошад, аз гардиши майдони Товус то Наврӯзгоҳ дар масофаи 3,5 км аз соати 12:00 то 14:00 гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 санаи 24 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ҳамин рӯзи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол тасдиқ карда шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳи баландтарини ҷаҳон бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Ҳамин сол рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ парчами дарозиаш беш аз 2 ҳазор метр, паҳноиаш 7 метр ва вазни умумиаш 860 кило аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузаронида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.