БМТ ба қарзи ХБА умедвор аст: «Ин ҳамеша зиёд тӯл мекашад»

Барои ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ Тоҷикистон ба кумаки Хазинаи байнулмилалии асъор ниёз дошта, гуфтушунидҳо бобати ба ҷумҳурӣ ҷудо гардидани қарзи навбатии ХБА дар доираи барномаи нав идома доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, моҳи ноябри соли равон машваратҳо бо ХБА ба итмом расида, марҳилаи минбаъда баррасии шарт […]

Барои ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ Тоҷикистон ба кумаки Хазинаи байнулмилалии асъор ниёз дошта, гуфтушунидҳо бобати ба ҷумҳурӣ ҷудо гардидани қарзи навбатии ХБА дар доираи барномаи нав идома доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, моҳи ноябри соли равон машваратҳо бо ХБА ба итмом расида, марҳилаи минбаъда баррасии шарт ва тадбирҳои сиёсат дар доираи барномаи нави дастгирии ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки гуфтушунидҳои нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон бо ХБА оид ба таҳияи барномаи нав дар доираи Механизами васеи қарздиҳӣ (ECF) моҳи октябри соли 2015 доир гардида буд.

«Тасдиқи барномаи нав бо ХБА қариб дар ҳама кишварҳо хеле зиёд тӯл кашида, ба он вобаста аст, ки ҳамаи шарту тадбирҳои пешакии барнома бояд бо назардошти хавфу омилҳое, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ баъзан вақт ба расидан ба созиш монеъа эҷод мкунанд, мувофиқа шаванд», – гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷрои тадбирҳои пешакии сиёсати қарздиҳии пешниҳодшуда аз ҷониби ХБА Тоҷикистон айни замон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

«Барномаи нави ХБА пеш аз ҳама, ба дастгирии стратегияи иқтисодии Тоҷикистон, ноил гардидан ба суботи макроиқтисодӣ ва молиявӣ ва дар баробари ин афзоиши рушди иқтисод ва коҳиши камбизоатӣ, ҳамчунин дастгирии тавозуни пардохт ва устувории захиарҳои байнулмилалии кишвар нигаронида шудааст», – афзуданд дар БМТ.

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

 Намояндагони ХБА он замон изҳор доштанд, ки моҳҳои наздик мувофиқаи барномаи минбаъдаи сессола муяссар мегардад, вале муддати аллакай 6 сол аст, ки гуфтушунидҳо дар ин самт идома дошта, лекин то ҳол натиҷаи мушаххасе ҳосил нашудааст.

Дар доираи барномаи нави зикршуда Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 млн. доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданӣ буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.