Сафири Тоҷикистон дар Беларус ба нафақа фиристода шуд

Date:

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Қозидавлат Қоимдодов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, сафири Тоҷикистон дар Литва, сафири Тоҷикистон дар Латвия, сафири Тоҷикистон дар Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шуд.

Саидзода Зоҳир Озод муовини нави вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд. Аввали моҳи август ӯ аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва ҳамзамон дар Гурҷистон озод шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...