Тоҷикистон ба марз бо Афғонистон нерӯи иловагӣ намефиристад

Аваз Юлдошев

Дар бахши сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагӣ ба қитъаи сарҳад бо Афғонистон дар ноҳияи Шӯрообод зарурате вуҷуд надорад.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Тоҷикистон, шоми рӯзи 2 декабр дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.

Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд  полковник Хайриддин Аҳтамов дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд.

Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд. Ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Ба иттилои манбаъ, гарнизони Хатлон, ки бевосита дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст, барои ҳалли чунин масъалаҳо, аз ҷумла несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи марзшикан нерӯ ва воситаҳои зарурӣ дорад.

«Аз рӯи ҳодисаи рухдода ба ҷониби Афғонистон ёддошти расмӣ супурда шуда, тибқи маълумоте, ки ба мо расид, Кобули расмӣ аллакай макони эҳтимолии ҳузури қочоқбарони марзшиканро муайян ва ҳамаҷониба талош дорад, ки онҳоро безарар гардонад», – таъкид дошт манбаъ.

Ҳамчунин овозаҳо доир ба баъди ин ҳодиса дар сарҳад гӯё дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба истилоҳ «шикор»-и сохторҳои қудратӣ нисбати шаҳрвандони кишвари ҳамсоя, ки дар ҷумҳурӣ муваққатан қарор доранд, рад шуд.

«Афғонҳо чун шаҳрвандони ҳама гуна кишварҳо дар қаламрави Тоҷикистон бар асоси қонун ҳузур доранд ва набояд ягон ҳаросе дошта бошанд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...