«Азия-Плюс» барои муҳоҷирон лоиҳаи махсус роҳандозӣ намуд

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба амалисозии лоиҳаи махсус барои муҳоҷирон – «Мигрант/Муҳоҷир» оғоз намуд.

Рост омадани оғози роҳандозии лоиҳаи мо бо санаи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳоҷирон, ки ҳамасола санаи 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, тасодуфӣ нест. Мо хоҳони онем, ки лоиҳаи мо muhojir.news.tj ва платформаҳои махсус барои он ташкилшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook – https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/, вКонтакте – https://vk.com/migranttj, Одноклассники – https://www.ok.ru/muhojirtj) барои робитаву муколамаи ҳамдиёрони машғули кор дар хориҷи кишвар бо наздиконашон дар ватан осонтару қулай ва як воситаи муфиде шаванд.

Дар захираҳои иттилооти мо шумо ба саволҳои: Чӣ гуна омода шудан ҷиҳати сафар ба муҳоҷират; Чӣ тавр омӯхтани забон ва ба даст овардани касб; Барои гирифтани патент кадом ҳуҷчатҳо заруранд; Ба куҷо муроҷиат кардан барои дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқӣ, агар корфармо ҳуқуқҳои шуморо риоя накунад; зимни боздошти кормандони милитсия чӣ кор мебояд кард; чӣ гуна фарзандонро ба мактаб ё тарбияи кӯдакистон супурд; чӣ кор мебояд кард зимни истирдод ва боз дигар масоили муҳими муҳоҷират посухҳо дарёфт карда метавонед.

Дар ин ҷо шумо ҳамчунин ҳамеша бо рӯйдодҳи муҳиму тозатарини Тоҷикистону Русия, ки ба муҳоҷирону оилаҳои онҳо марбутанд, шинос шуда метавонед.

Ба акаунтҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамроҳ шавед:

Facebook – https://www.facebook.com/muhojir.migrant.tj/

вКонтакте – https://vk.com/migranttj

Одноклассники – https://www.ok.ru/muhojirtj

Саволу воқеаҳои аз саратон гузашта, мушкилоту пешниҳодҳоятонро нависеду ирсол намоед – мо ҳамеша дар робитаем!

Рақами мо дар мессенҷерҳои WhatsApp/Telegram/Viber +992 937924245

Бо камоли эҳтиром, ҳайати кормандони «Мигрант/Муҳоҷир» 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...