Вазорати маориф: арчагузорӣ дар мактабҳо қатъиян манъ аст

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор медорад, ки арчаҳои солинавӣ гузоштан дар мактабҳоро қатъиян манъ кардааст. Бо дархости падару модарон.

«Бо дархости волидон барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот ва исрофкорӣ чунин тасмим гирифта шуд», – мегӯянд дар вазорат.

«Бисёре аз падару модарон ба телефонии боварии Вазорат занг зада, дархост намуданд, ки барои роҳ надодан ба ҷамъоварии пул барои хароҷот, гузоштани арчаҳои солинавӣ дар мактабҳо манъ карда шавад. Мо ин дархостро мувофиқи мақсад ва оқилона дониста, чунин қарор қабул кардем», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва мактабии Вазорат Абдуҷаббор Алиев.

Ӯ қайд кард, ки наврасону ҷавонон дар чорабиниҳои идонаи солинавӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои Душанбе ташкил мешаванд, иштирок карда метавонанд.

«Таътили тобистонаи хонандагон аз 1 то 31 январ идома ёфта, мо барои онҳо рӯйхати китобҳоро тартиб додем, то ки дар таътил ба мутолиа машғул шаванд. Барои хонандагоне, ки дар олимпиадаҳо иштирок мекунанд, ҳангоми таътил машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешавад», – гуфт манбаъ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...