Соли нави имсол барфро интизор шавем?

Asia-Plus

Намедонӣ, имсол дар шаби Соли нав барф меборида бошад? – чунин аст саволи аз ҳама сершумор миёни мардум пеш аз ҳафтаи Соли нави мелодӣ ва бо ҳарчи наздик шудани санаи 31 декабр, ин савол боз ҳам бештар садо медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шаби Соли нав дар ҷумҳурӣ боридани барф дар назар набуда, ҳарорат то 5 дараҷа гарм мешавад. Санаи 31 декабр обуҳаво дар пойтахт беборишу гарм – то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд ва чунин обуҳаво то 6 январ идома меёбад.

Ҳафтаи равон дар пойтахт обуҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, то 28 декабр ҳавои боронӣ дар назар аст, вале охири ҳафта обуҳаво софу бебориш мешавад.

Ёдрас мекунем, ки солҳои охир ҳарчанд дар остонаи Соли нав дар Тоҷикистон барфи зиёд наборида бошад ҳам, вале обуҳаво на он қадр гарм буд. Соли 2015 тамоми моҳи декабр сербарфу сард омада, лекин шаби Соли нав барфҳо аллакай об шуда буданд.

Соли 2015 обуҳавои сарду барфрезиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябр шурӯъ шуда буданд. Он замон ҳатто Душанбе ҳам ғарқи барф шуда буд. Баъдан сардиҳо моҳи декабр такрор шуда, вале барф то Соли нав боқӣ намонд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...