Ҷалби таваҷҷуҳи сарони кишварҳои ИДМ ба вазъ дар Афғонистон

Asia-Plus

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва оид ба доираи васеи масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар чорчӯби ИДМ мубодилаи афкори озод сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмӣ сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоюлҳои нигаронкунандаи соли 2017-ро дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ – ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ мебошад. 

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи ИДМ Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияи дар соли 2018 дар он раисӣ намудани Тоҷикистонро шарҳ дод. Масъалаҳои вобаста ба таъмини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳод, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯби Иттиҳод ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикистон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳод идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба ҳамтоёни худ дар соли нав саодату рифоҳ ва комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайянкардаашон орзу намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...