Омодагии Китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Миср ба ҳамкорӣ

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо раиси Шӯрои мудирони Китобхона ва бойгонии миллии Миср Аҳмад Шавкӣ дидору гуфтугӯ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масъалаҳои барқарор намудан ва густариш додани ҳамкорӣ байни китобхонаҳову марказҳои дастхатҳои ду кишвар меҳвари баррасӣ шуда, Аҳмад Шавкӣ пешниҳод намуд, ки байни Китобхона ва бойгонии миллии Миср ва ниҳодҳои ҳамтои он дар Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо  расад.

Зикр мегардад, ки Китобхонаи миллии Миср бо фармони Хидев Исмоил 23 марти 1870 ба манзури ҳифзи дастхатҳои арабӣ ва шарқӣ таъсис ёфта буд. Ҳоло дар Китобхонаи мазкур беш аз 57 ҳазор дастхати гаронбаҳо нигаҳдорӣ мешавад.

Дар Китобхона ганҷинаи дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи вежа дорад, ки теъдоди он тақрибан ба 10 ҳазор дастхат мерасад. Дар миёни онҳо 71 дастхати нодири форсӣ-тоҷикии мусавварҳастанд, ки таърихи китобат ва тасвири онҳо қарнҳои XIV ва XIX мелодиро фаро мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...