Бар асари сангфароӣ роҳи Душанбе – Хоруғ баста шуд

Date:

Бар асари сангфароӣ ба роҳ дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе – Хоруғ қатъ шуд.

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд, сангфароӣ баъзан идома ёфта, аз ин рӯ, корҳои тозакунии роҳ бо назардошти ин ҳолат ҷараён мегиранд.

«Мо қариб 50 метри роҳро тоза карда, вале сангфароӣ аз кӯҳ идома ёфт, бинобар ин, корҳои тозакунӣ муваққатан боздошта шуда, вақте сангфароӣ пурра ба охир расад, боз корро давом медиҳем», – гуфтанд дар вазорат.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин робита иттилоъ доданд, ки намояндагони ин ниҳод дар ҷойи ҳодиса барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғули коранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...