Сӯхтори бузургмиқёс дар бузургтарин бозори Бишкек

Дар бозори Оши шаҳри Бишкек сӯхтор ба амал омад. Бино ба маълумоти хабаргузории «Фергана», хомӯш кардани сӯхтор дар зарфи 2,5 соат муяссар гардида, барои он 12 дастаи оташнишонон сафарбар шудаанд. Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода алҳол аз осебдидагон маълумот намедиҳад, лекин «24.kg» бо истинод ба намояндаи ин Вазорат менависад, ду нафарро бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз […]

Asia-Plus

Дар бозори Оши шаҳри Бишкек сӯхтор ба амал омад.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Фергана», хомӯш кардани сӯхтор дар зарфи 2,5 соат муяссар гардида, барои он 12 дастаи оташнишонон сафарбар шудаанд.

Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулода алҳол аз осебдидагон маълумот намедиҳад, лекин «24.kg» бо истинод ба намояндаи ин Вазорат менависад, ду нафарро бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз дуди ғализ ба бемористон интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, оташ майдони ҳудуди 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, бар асари он кӯчаҳои гирду атроф баста ва чароғакҳо кор намекардаанд.

Кормандони хадамоти оташнишонӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки сӯхтор дар натиҷаи истифодаи нодурусти гармкунакҳои барқӣ сар задааст.

Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки тоҷирон талош варзидаанд барои наҷоти бору маҳсулот худро ба оташ зананд, вале онҳоро кормандони милитсия аз ин амал боздоштаанд. Бархе аз савдогарон аз мушоҳидаи чӣ гуна ба коми оташ рафтани молу маҳсулоти худ аз ҳуш рафтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.