ВКД Ироқ: пешвои Давлати исломӣ «рӯзҳои охиринашро дар бемористони Сурия мегузаронад»

Пешвои созмони террористии Давлати исломӣ Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ зинда ва дар бемористони ташкилот дар минтақаи шимолу шарқи Сурия табобат мегирад. Бино ба маълумоти CA-NEWS, роҳбари шуъбаи иктишоф ва мубориза бо терроризми ВКД Ироқ Абӯ Алӣ ал-Басрӣ изҳор доштааст, ки ӯ доир ба зинда будан ва пинҳон шудани ал-Бағдодӣ далелҳои раднопазир дорад. Ал-Бағдодӣ бар асари ҳамлаҳои […]

Asia-Plus

Пешвои созмони террористии Давлати исломӣ Абӯ Бакр ал-Бағдодӣ зинда ва дар бемористони ташкилот дар минтақаи шимолу шарқи Сурия табобат мегирад.

Бино ба маълумоти CA-NEWS, роҳбари шуъбаи иктишоф ва мубориза бо терроризми ВКД Ироқ Абӯ Алӣ ал-Басрӣ изҳор доштааст, ки ӯ доир ба зинда будан ва пинҳон шудани ал-Бағдодӣ далелҳои раднопазир дорад. Ал-Бағдодӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ ба истеҳкомҳои созмон дар Ироқ аз пойҳояш захм бардошта, мутстақилона ҳаракат карда наметавонист.

Ал-Басрӣ қайд кардааст, ки пешвои Давлати исломӣ «рӯзҳои охирианшро паси сар мекунад». Ба қавли номбурда, чанде қабл роҳбари созмон «ба госпитали гурӯҳ дар минтақаи Ал-Ҷазира» дар қаламрави Сурия, наздикии марз бо Ироқ оварда шудааст.

Моҳи декабри соли гузашта низомиёни Ироқ изҳор дошта буданд, ки пешвои Давлати исломӣ зинда ва дар яке аз мавзеъҳо дар марзи Ироқу Сурия паноҳ мебарад.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар бораи марги роҳбари Давлати исломӣ чандин маротиба хабарҳо пахш шуда, лекин ҳеҷ кадоме аз онҳо тасдиқ нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.