Маҳсулоти Тоҷикистон бори нахуст дар намоишгоҳи «GulFood 2018»

Asia-Plus

Ширкатҳои машғул ба истеҳсоли маводи ғизои Тоҷикистон бори нахуст дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва таҷҳизоти кишварҳои Халиҷи Форс «Gulfood – 2018» дар Маркази савдои ҷаҳонии шаҳри Дубай иштирок карданд.

Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ба туфайли Лоиҳаи «Тиҷоратӣ гардонидани бахши кишоварзӣ», ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва кумаки техникии ширкати NIRAS амалӣ мешавад, имконпазир шуд.

Дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати чандин моҳ бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар мавриди мусоидат ба иштироки 4 ширкати узви Палата дар ин намоишгоҳ корҳои омодагӣ роҳандозӣ шуданд.

Тавре аз ПСС ҶТ хабар доданд, дар гӯшаи миллии андозаи 21 метри мураббаъ ширкатҳои тоҷикистонии ҶСК "Абрикос ва К", ҶДММ "ОРО Исфара", ҶДММ "Исфара Фуд", ҶДММ "Ҳариф" (Тоҷик Продукт) маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Номгӯи маҳсулот аз хушкмева ва растаниҳои лӯбиёгӣ, лимон ва ангур иборат буд. Тамошогарон ба навъи ангури тоҷикиситонии «Майерс» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Намоишгоҳи махсуси ҳамасолаи Gulfood бузургтарин дар ҷаҳон ва минтақаи Халиҷи Форсу Шарқи Наздик маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 5 ҳазор намоишгар аз 120 давлати дунё маводҳои ғизоиро ба намоиш мегузоранд. Аз ин намоишгоҳ беш аз 95 ҳазор нафар аз 170 кишвари дунё боздид мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...