Зери об мондани 16 қитъаи наздиҳавлигӣ бар асари боронҳои пуршиддат

Субҳи рӯзи 27 феврал дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷо […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ

Субҳи рӯзи 27 феврал дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷо бо намояндагони хадамоти дахлдори коммуналии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки сокинони маҳаллӣ корҳои тозакунӣ ва соҳилбандӣ гузарониданд.

Гуфта мешавад, рӯзи 26 феврал бар асари боришот дар километри 17-18 роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор дар наздикии деҳаи Посуни ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид.

Кормандони Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ва хадамоти роҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои тоза кардану боз намудани роҳи масдудшуда 3 адад техникаи махсус сафарбар шуд. Айни замон корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.

Зикр мегардад, ки шаби ҳамин рӯз дар километри 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Хадамоти роҳи ширкати  IRS бо ҷалби ду адад техника роҳро тоза кард ва ҳоло ҳаркати мошинҳо дубора шурӯъ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.