Моҳи март тоҷикистониён 14 рӯз истироҳат мекунанд

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод. Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар дод.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар истироҳат эълон мешавад.

Масалан, санаи 24 март ҷашни расмии Наврӯз ва рӯзи истироҳат буда, имсол он ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, яъне 26 март низ рӯзи истироҳат мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо истироҳат эълон шудааст.

Ҳамин тариқ, имсол моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон 14 рӯз: 3, 4, 8, 10, 11, 17, 18, 21, 22, 23, 24, 25, 26 ва 31-уми моҳи оянда истироҳат мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.