Маҳсулоти Тоҷикистон бори нахуст дар намоишгоҳи «GulFood 2018»

Ширкатҳои машғул ба истеҳсоли маводи ғизои Тоҷикистон бори нахуст дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва таҷҳизоти кишварҳои Халиҷи Форс «Gulfood – 2018» дар Маркази савдои ҷаҳонии шаҳри Дубай иштирок карданд. Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ба туфайли Лоиҳаи «Тиҷоратӣ гардонидани бахши кишоварзӣ», ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва кумаки техникии ширкати NIRAS […]

Asia-Plus

Ширкатҳои машғул ба истеҳсоли маводи ғизои Тоҷикистон бори нахуст дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва таҷҳизоти кишварҳои Халиҷи Форс «Gulfood – 2018» дар Маркази савдои ҷаҳонии шаҳри Дубай иштирок карданд.

Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ба туфайли Лоиҳаи «Тиҷоратӣ гардонидани бахши кишоварзӣ», ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва кумаки техникии ширкати NIRAS амалӣ мешавад, имконпазир шуд.

Дар доираи амалисозии ин лоиҳа муддати чандин моҳ бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар мавриди мусоидат ба иштироки 4 ширкати узви Палата дар ин намоишгоҳ корҳои омодагӣ роҳандозӣ шуданд.

Тавре аз ПСС ҶТ хабар доданд, дар гӯшаи миллии андозаи 21 метри мураббаъ ширкатҳои тоҷикистонии ҶСК "Абрикос ва К", ҶДММ "ОРО Исфара", ҶДММ "Исфара Фуд", ҶДММ "Ҳариф" (Тоҷик Продукт) маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Номгӯи маҳсулот аз хушкмева ва растаниҳои лӯбиёгӣ, лимон ва ангур иборат буд. Тамошогарон ба навъи ангури тоҷикиситонии «Майерс» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Намоишгоҳи махсуси ҳамасолаи Gulfood бузургтарин дар ҷаҳон ва минтақаи Халиҷи Форсу Шарқи Наздик маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 5 ҳазор намоишгар аз 120 давлати дунё маводҳои ғизоиро ба намоиш мегузоранд. Аз ин намоишгоҳ беш аз 95 ҳазор нафар аз 170 кишвари дунё боздид мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.