Навбатпойии сокинони Туркманистон барои харидани сабӯс

Баъд аз камчин шудани орд дар минтақаҳои Туркманистон сокинон ба харидани сабӯс рӯ оварданд. Тавре дар навори видео дида мешавад, сокинони вилояти Дашоғуз барои харидани сабӯс навбатпоӣ мекунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Туркманистон сар аз соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт. Ҳосили ками ғалладона ва мушкилоти дигари кишоварзӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Баъд аз камчин шудани орд дар минтақаҳои Туркманистон сокинон ба харидани сабӯс рӯ оварданд.

Тавре дар навори видео дида мешавад, сокинони вилояти Дашоғуз барои харидани сабӯс навбатпоӣ мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Туркманистон сар аз соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт. Ҳосили ками ғалладона ва мушкилоти дигари кишоварзӣ дар он кишвар боиси боло рафтани арзиши маҳсулот гардид.

Чанд соли охир ҳукумат бо ворид кардани орд аз хориҷ ниёзи сокинонро бо ин навъи маҳсулот қонеъ мекард. Аммо баъди уфти қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ мақомоти Туркманистон барои ворид кардани орд аз хориҷ маблағ пайдо накарданд.

Моҳи декабри соли 2017 арзиши орд дар он кишвар ду баробар гарон шуд. Дар бархе аз минтақаҳои дигар фурӯши орд маҳдуд гардид.

Дар вилояти Дашоғуз дар айни ҳол як сокин ҳақ надорад бештар аз 5 кило орд харидорӣ кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.