Ба Эмомалӣ Раҳмон доир ба захираҳои замин ҳисобот доданд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018” гузориши […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018” гузориши Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 960 ҳазору 741 гектар, аз он 681 ҳазору 413 гектар замини обӣ қарор дорад. Дар соли 2017 майдони 1 ҳазору 720 гектар заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ба заминҳои корами обӣ дохил карда шудааст.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни ҶТ ва 1 хулосаи Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТн “Дар бораи сармоягузорӣ”” – ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод намуданд.

Дар кори маҷлиси навбатии ҳукуматн “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” қарори дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қарорҳо “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2018-2020”, “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар ҶТ барои солҳои 2018-2020” ва “Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҶТ” баррасӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.