Ҳамаро шарҳ доданд: аз 1 март роҳкиро дар пойтахт қимат мешавад

Қарори болоравии нархи роҳикро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ки аз 20 феврал ҷорӣ гардида,бо дастури дастгоҳи шаҳрдорӣ то 1 март мавқуф гузошта шуд, аз 1 март мавриди амал қарор мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд. Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт қаблан мавриди амал қарор гирифтани болоравии […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Қарори болоравии нархи роҳикро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, ки аз 20 феврал ҷорӣ гардида,бо дастури дастгоҳи шаҳрдорӣ то 1 март мавқуф гузошта шуд, аз 1 март мавриди амал қарор мегирад.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт қаблан мавриди амал қарор гирифтани болоравии нархҳоро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мавқуф гузошт. Ивазшавии нархҳо аз 20 феврал ба нофаҳмӣ миёни ронандагону мусофирон боис гардида, шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки вазъро баррасӣ мекунад.

«То ин вақт мақомоти шаҳрдорӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ миёни аҳолӣ ва ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, вазъи мавҷуда бори дигар мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад», – гуфта буд як манбаъ аз бахши нақлиёти шаҳрдорӣ.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ доданд, ки баъди гузаронидани ҳамаи чорабиниҳои шарҳу тавзеҳ ва фаҳмондадиҳӣ, қарор аз пагоҳ, 1 март мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарфи назар аз масофаи роҳ, акнун нархи роҳкиро дар маршруткаҳои шаҳр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Нархи роҳкиро дар дар автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, дар маршруткаҳо 1 сомониву 60 дирам, автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1 сомониву 50 дирам ва дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ 2 сомонӣ муқаррар шуд.

Аз 15 декабри соли 2017 ба истиснои таксӣ, хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла маршруткаҳо  дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо, барои донишҷуён – 30 фоиз ва барои дигарон 15 фоиз тахфифҳо пешниҳод мешавад.

Зикр гардид, ки тарифҳои нав бо хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ширкатҳои машғул ба мусофирбарӣ мувофиқа шуда, ширкатҳо уҳдадор шуданд, ки минбаъд автомашина танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта шуда, мусофирон низ фақат аз рӯи шумори ҷойҳои нишаст гирифта мешаванд.

Ширкатҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар ҳамчунин ба риояи меъёрҳои санитарӣ дар автомашинаҳо уҳдадор шуда, дар дохили автомашина бояд варақаҳо дар бораи хатсайр ва рақами телефонҳои ҳамаи мақомоти марбута ҷой дошта бошанд. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар бояд қотеъона додани бақияпулӣ ба мусофиронро таъмин кунанд.

Ба иттилои манбаъ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар тамоми маршруткаҳои Душанбе таҷҳизоти хизматгузории экспресс-кортҳо(QR-Kod) насб хоханд шуд, ки мушкилоти ба таври автоматӣ баргардонидани бақияпулӣ ба мусофиронро ҳал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.