Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Бо роҳи оҳани барқароршуда аввалин қатораи боркаш аз истгоҳи «Тирмиз»-и Ӯзбекистон ба истгоҳи «Хошади»-и Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон меояд; – Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мавриди амал қарор мегирад; – Гурӯҳи мусиқии амрикоии Humming House ба Тоҷикистон омада, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб […]

Asia-Plus

АНОНС

– Бо роҳи оҳани барқароршуда аввалин қатораи боркаш аз истгоҳи «Тирмиз»-и Ӯзбекистон ба истгоҳи «Хошади»-и Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон меояд;

– Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мавриди амал қарор мегирад;

– Гурӯҳи мусиқии амрикоии Humming House ба Тоҷикистон омада, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар конесрт намоиш медиҳад. Дар Душанбе консерти ин гурӯҳ рӯзи 3 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8230 сомонӣ;

1 евро – 10.7782 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1566 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1937 – Анҷумани VI-уми Шӯрои ҷумҳурӣ Конститутсияи РСС Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки тағйироти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишварро дарбар гирифт.

1967 – Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар бахши илму техника ва ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакиро дар соҳаи адабиёту меъморӣ таъсис доданд.

2008 — Ҳайкали нахустини В.И.Ленин дар Душанбе кӯчонида шуд.

2013 — Дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои никоҳ бо хориҷиён зиёд карда шуд.

1925 – Зодрӯзи нависандаи халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб.

1934 – Мавлуди журналист Худодӯст Олифтаев.

1950 – Зодрӯзи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов.

1952 – Мавлуди доктори илмҳои техникӣ Самариддин Фазлиддинов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона 0+5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф). 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +17+19.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.