Чӣ гуна тоҷикистонӣ рингҳои Русияро фатҳ мекунад

Суҳроб Давлатов ҳамагӣ 22 сол дорад, лекин аллакай барои кор дар сохтмонҳои шаҳри Екатеринбург фурсат ёфта, аз кору бор ва зиндагии муҳоҷирон дар мулки бегона ба хубӣ огоҳ аст. Зиндагии ӯ ҳамин тавр идома меёфт, агар боре бародараш ба ӯ тавсия намедод, ки ба тамринҳо дар муҳорибаҳои омехта (ММА) машғул шавад ва акнун ӯ варзишгари […]

Мigrant.news.tj

Суҳроб Давлатов ҳамагӣ 22 сол дорад, лекин аллакай барои кор дар сохтмонҳои шаҳри Екатеринбург фурсат ёфта, аз кору бор ва зиндагии муҳоҷирон дар мулки бегона ба хубӣ огоҳ аст. Зиндагии ӯ ҳамин тавр идома меёфт, агар боре бародараш ба ӯ тавсия намедод, ки ба тамринҳо дар муҳорибаҳои омехта (ММА) машғул шавад ва акнун ӯ варзишгари маъруф дар муҳорибаҳои омехта дар Екатеринбург аст. Маводи muhojir.news.tj дар бораи ҳаёту дастовардҳои Суҳроб.

Пас аз хатми мактаби рақами 23-и шаҳри Душанбе навраси он замон 17-сола дарҳол назди бародараш ба Екатеринбург рафт. То ин дам дар машварати оилавӣ қарор карда буданд, ки барои писари хурдии оилаи Давлатовҳо кору зиндагӣ назди бародараш дар Русия хубтар аст.

«Дар Русия ман ба бародарам кумак мекардам, гоҳе дар сохтмону гоҳе дар мағозаҳо кор кардам. Баъди ду сол бародарам эълон дар бораи қабули ҷавонон ба машғулиятҳо оид ба ММА дар Екатеринбургро дида, ҳамин тариқ ман ба толор роҳ ёфтам, бо мураббӣ шинос шудам, ки ҳамдиёри худамон Маҳмадалӣ Зардаков аст», – ҳикоят мекунад ӯ.

Дар аввал Суҳроб фикре надошт, ки дар рингҳо ҳунарнамоӣ карда метавонад, танҳо ба варзиш машғул шудан мехосту халос, лекин кор ҳамин гуна сурат гирифт. Дар Душанбе ӯ дар гурӯҳи боксчиён тамрин мекард ва аз ин рӯ, аз аввал ба машқҳо бо ҷиддият муносибат мекард. Ин кӯшишҳо ба хеле зуд ба варзишгари писандида оид ба ММА табдил ёфтани ӯ дар вилояти Свердловск кумак кард.

Баъди чанде варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои муқаррарии муҳорибаҳои омехта иштирок карда, сипас ӯро ба ринги касбӣ даъват карданд. Аз лиҳози меъёрҳои ММА ӯ ҳанӯз варзишгари нав дар ин соҳа аст, лекин ба гуфтаи худаш, тӯли ин солҳо ӯ бо кумаки мураббиёну дастгирии оила ва Худои таоло корҳои зиёдеро ба сомон расонид.

Суҳроб соли 2013 ба Екатеринбург омада, соли 2015 ба машқ шурӯъ намуд ва ҳамагӣ баъди як соли дигар баъди муҳорибахо дар ринг, васоити ахбори умуми Екатеринбург дар бораи ӯ менавиштанд. Барои варзишгари нав аз 6 муҳориба дар 5-тоаш ғолиб омадан дастоварди назаррас аст. Имрӯз ӯ дар маҷмӯъ 10 муҳориба гузаронида, дар 7-тоаш дастболо шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=Qk99wHK8M4U

Айни замон Суҳроб узви яке аз дастаҳои маъруфи вилояти Сведловск «Рать» (Екатеринбург) буда, дар ACB (Absolute Championship Berkut) MMA иштирок кардааст.

«Албатта ин варзиши вазнину хатарнок буда, лекин айни замон машғул шудан ба он бароям писанд аст. Ман ба хубӣ медонам, ки ин ҳамешагӣ нест ва тамоми умр ман ба муҳорибаҳо машғул шуда наметавонам», – иқрор мешавад ӯ.

Суҳроб аллакай дар фикри он аст, ки оянда ба чӣ машғул мешавад, зеро барои иштирок дар ҳар як навъи варзиш синнусоли муайян зарур буда, замоне фаро мерасад, ки ба «нафақа» баромаданаш лозим меояд.

«Алҳол барои ман аз ҳама муҳимтараш иштирок дар Мусобиқаи Гран-Прии Лигаи муҳорибаи Absolute Championship Berkut аст. Муҳорибаи ман санаи 8 апрел муқаррар шуда, ҳамарӯза ва ҳамаҷониба он омодагӣ мегирам.Оянда орзу дорам, ки ба Ultimate Fighting Championship роҳ ёбам. Ҳар як варзишгари муҳорибаҳо инро орзу мекунад, вале вақт ҳамаашро нишон медиҳад», – мегӯяд ӯ.

Ба сурати умум Суҳроб чунин мешуморад, ки меҳнату эътиқод ба нерӯи худ ҳамеша инсонро ба пеш рафтан водор месозад. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як инсон имконоти пӯшидае дорад, ки истифодаи он дар амал зарур аст. Барои ин гоҳе маслиҳати бародар ё мураббӣ, матонат ва муддати солҳои зиёд машқҳои душвор ва кор бо худ кофӣ аст.

Суҳробро оянда муҳорибаи душвор интизор аст, биёед ба ӯ барори кору пирӯзӣ орзу мекунем!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.