Панҷакент: мард дар ҳолати мастӣ домодашро кушт

Дар қаламрави ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иззи гармӣ, падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар […]

Дар қаламрави ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иззи гармӣ, падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян намудааст, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.