Намоишгоҳи Made in Uzbekistan дар «Манеж» доир мегардад

Намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони Made in Uzbekistan рӯзи 9 март дар маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз мекунад. Давоми ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҳамчунин ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон. Намоишгоҳ ба ду қисмат ҷудо шуда, […]

Намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони Made in Uzbekistan рӯзи 9 март дар маҷмааи варзишии «Манеж»-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз мекунад.

Давоми ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҳамчунин ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Намоишгоҳ ба ду қисмат ҷудо шуда, қисмати аввал дар майдони кушод ва қисмати дуюм дар майдони болопӯшидаи намоишгоҳ баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузури кишвари ҳамсоя ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳову гуфтушуниди доираҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар имзои қарордодҳои ҳамкорӣ миёни корхона ва ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 10 январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавриди баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳарду кишвар дар соли 2018 тавофуқ ҳосил шуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд, ки 11 октябр ба кор шурӯъ намуд, ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, коркарди металлҳо, маҳсулоти бофандагиву ресандагӣ, чарм, қолинҳо, маводи ғизойӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.