Рустами Эмомалӣ ба роҳрӯбон ва фаррошон 1000 сомонигӣ ҷудо кард

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бахшида ба «Рӯзи Модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба ҳар кадоме аз 2 ҳазору 920 нафар занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрдорӣ 1000-сомонигӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Дар қарори раиси пойтахт қайд мешавад, ки ин иқдом […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, бахшида ба «Рӯзи Модар» ва ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ба ҳар кадоме аз 2 ҳазору 920 нафар занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои шаҳрдорӣ 1000-сомонигӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Дар қарори раиси пойтахт қайд мешавад, ки ин иқдом дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ сурат гирифта, мукофотпулӣ ба ҳамаи коргароне, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд, тақдим мешавад.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Сарраёсати  молияи шаҳри Душанбе ба ҷудо кардани 2 млн. 920 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе уҳдадор шудааст.

Ба муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур дода шудааст, ки то 6 марти соли 2018 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудогардидаро ба коргарон тибқи рӯйхат чораҳои зарурӣ андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.