Чигалдак, орзуқ, суманак: фестивали кулчақанд дар Душанбе

Имрӯз дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Сарфи назар аз обуҳавои боронӣ, сокинони пойтахт бо хушнудӣ аз фестивал боздид намуданд. Ба тамошогарон навъҳои гуногуни шириниҳову кулчақанд, маҳсулоти нонӣ – орзуқ, чигалдак, ҳалво, қалама, кулчаҳо, фатир, чаппотӣ ва суманак пешкаш гардид. Коргоҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва […]

Asia-Plus

Имрӯз дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Сарфи назар аз обуҳавои боронӣ, сокинони пойтахт бо хушнудӣ аз фестивал боздид намуданд. Ба тамошогарон навъҳои гуногуни шириниҳову кулчақанд, маҳсулоти нонӣ – орзуқ, чигалдак, ҳалво, қалама, кулчаҳо, фатир, чаппотӣ ва суманак пешкаш гардид.

Коргоҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва қаннодӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар созмон дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.