Дарёфти ҷасадҳои соҳибкори тоҷик ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонхонаи Мадина

Ҷасадҳои соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзанди худсолаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дарёфт шуданд. Соҳибкор фарзанди собиқ роҳбари нашриёти «Шарқи озод» Манзурхон Додохонов мебошад. Пайвандони соҳибкор хабари марги Бахтиёр Додохонов, ҳамсари ӯ ва ду писарашро, ки 10 ва 12-сола буданд, ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуданд. Оилаи Бахтиёр барои адои […]

Asia-Plus

Ҷасадҳои соҳибкори ҷавони тоҷик Бахтиёр Додохонов ва ҳамсару ду фарзанди худсолаш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ дарёфт шуданд.

Соҳибкор фарзанди собиқ роҳбари нашриёти «Шарқи озод» Манзурхон Додохонов мебошад.

Пайвандони соҳибкор хабари марги Бахтиёр Додохонов, ҳамсари ӯ ва ду писарашро, ки 10 ва 12-сола буданд, ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуданд.

Оилаи Бахтиёр барои адои маросими ҳаҷи умра ба шаҳри Мадина рафта буданд. Ду рӯз пеш дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳр ҷасадҳои аҳли оиларо пайдо карданд.

Мутобиқи қоидаҳои шариати исломӣ, ҷасадҳои онҳо дар ҳамин шаҳр гӯронида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз аз дирӯз одамон баҳри изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Бахтиёр Додохонов меоянд.

Тибқи баъзе маълумот, онҳо аз заҳролудшавӣ фавтиданд.

Аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ин ҳодиса алҳол маълумоти расмӣ дода нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.