Даргузашти вакили парлумони Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор

Субҳи имрӯз бар асари бемории дил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор дар синни 63-солагӣ дар манзили зисташ дар Душанбе аз олам даргузашт, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. Маросими ҷанозаи марҳум нимаи дуюми имрӯз баргузор мешавад. Муҳаббатшо Рӯзадор 13 октябри соли 1955 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз бар асари бемории дил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор дар синни 63-солагӣ дар манзили зисташ дар Душанбе аз олам даргузашт, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Маросими ҷанозаи марҳум нимаи дуюми имрӯз баргузор мешавад.

Муҳаббатшо Рӯзадор 13 октябри соли 1955 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст.

Ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, дар вазифаҳои муовини раиси ВМКБ ва кормнади Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Моҳи марти соли 2015 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.