Эмомалӣ Раҳмон Путинро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқи қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон Владимир Путинро ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқи қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон Владимир Путинро ба ҳайси ҷонибдори густаришу таҳкими бемайлони муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мешиносанд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузоранд.

«Интихоби дубораи Шумо ба ин маснади олии давлатӣ нишонаи возеҳи аз ҷониби ҷомеаи Россия пурра дастгирӣ ёфтани сиёсати Шумо мебошад, ки ба таҷдиду таъмини рушди босубот ва таъмини амнияти кафолатноки Россияи дӯст, ҳамчунин таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Изҳори итминон мешавад, ки дар давраи пешомад Тоҷикистону Русия бо саъю талошҳои муштарак ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоро дар ҳама соҳаҳои ҳамдастӣ бо мазмуну мундариҷаи созандаи нав мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати кишварҳо ва мардумонамон боз ҳам ғанитар хоҳанд гардонид ва ҷониби Тоҷикистон қотеона омода аст, ки ҳамаи имкониятҳои дар ин ҷода мавҷударо ба роҳ андозад.

«Аз сидқи қалб ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва комёбиҳои зиёд дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади сермасъули роҳбари давлати Россия ва ба мардуми дӯсти Россияи бузург сулҳу амонӣ ва пешрафт орзумандам», – зикр мешавад дар фарҷоми барқия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио