Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: марзбони тоҷик ҷароҳат бардошт

Дар минтақаи баҳсии марз байни вилояти Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон рӯзи 3 апрел миёни сокинони деҳаҳои Уч-Добо (Қирғизистон) ва Хоҷа Аъло (Тоҷикистон муноқиша сар зад. Ба гуфтаи котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, муноқиша сари он сар задааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон худсарона дар қитъаи баҳсӣ девор сохтанӣ шудаанд. «Сокинони деҳаи […]

Дар минтақаи баҳсии марз байни вилояти Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон рӯзи 3 апрел миёни сокинони деҳаҳои Уч-Добо (Қирғизистон) ва Хоҷа Аъло (Тоҷикистон муноқиша сар зад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон майор Муҳаммад Улуғхоҷаев, муноқиша сари он сар задааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон худсарона дар қитъаи баҳсӣ девор сохтанӣ шудаанд.

«Сокинони деҳаи Хоҷа Аъло аз онҳо дархост кардаанд, ки бидуни огаҳии ҳукуматдорон ва розигии онҳо девор насозанд, лекин сокинони деҳаи кишвари ҳамсоя ба сӯи онҳо ба сангпартоӣ оғоз кардаанд», – гуфт Улуғхоҷаев.

Зимнан зикр гардид, ки сарҳадбонони тоҷик ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз идомаи муноқиша пешгирӣ кардаанд. «Дар ҷойи ҳодиса ба сарҳадбони тоҷик санг расида, ӯ ҷароҳати сабук бардошт», – илова кард номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.