Равуо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Русия торафт душвортар мешавад

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон шумори парвозҳои ду ширкати русиягӣ – «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон кам карданд. Ин амал посух ба камшавии шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба Маскав унвон мешавад. «Ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд, ки аз 3 апрел 8 парвози ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон манъ […]

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон шумори парвозҳои ду ширкати русиягӣ – «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон кам карданд. Ин амал посух ба камшавии шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба Маскав унвон мешавад.

«Ҷониби Тоҷикистон маҷбур шуд, ки аз 3 апрел 8 парвози ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «Ют Эйр»-ро ба Тоҷикистон манъ намояд. Аз ҷумла, 4 парвози «Ют Эйр» бо хатсайри Маскав – Душанбе ва 4 парвози «Уралские авиалинии» аз Маскав ба Душанбе ва Хуҷанд (ду парвозӣ ба ҳар кадоме аз шаҳрҳо) қатъ шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз мақомоти нақлиёти авиатсионии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ин посух ба амалҳои мақомоти авиатсионии Русия аст, ки шумори парвозҳои ширкатҳои тоҷикистонии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-ро ба Маскав манъ карданд.

«Аз 2 апрел 5 парвози ширкати «Тоҷик Эйр» ва 4 парвози ширкати «Сомон Эйр» ба фурудгоҳи Домодедовои Маскав қатъ шуд», – қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки қаблан ширкатҳои тоҷикистонӣ дар як ҳафта ба Маскав 7-парвозӣ (дар маҷмӯъ – 14 парвоз) анҷом медоданд. Акнун ин шумор то 5 адад кам шуд: «Тоҷик Эйр» – 2 ва «Сомон Эйр» – 3 парвоз дар як ҳафта.

Таъкид шуд, ки рӯзи 3 апрел ҳайати ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати гуфтушунид оид ба вазъи бамиёномада ба Маскав раҳсипор шудааст.

Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Азиз Набизода ва намояндагони Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлия шомиланд. Оғози гуфтушунид имрӯз, 4 апрел дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.