Суғд: шаҳрванди масти Чин ҳамшаҳриашро корд зад

Кормандони милитсия як шаҳрванди Чинро ба гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамшаҳриаш боздошт намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзона дар қаламрави бозори «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст. «Шаҳрванди 42-солаи Чин, феълан сокини шаҳри Бӯстон дар ҳолати мастӣ бо ҳамшаҳрии 46-солаи худ, айни замон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба […]

Кормандони милитсия як шаҳрванди Чинро ба гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамшаҳриаш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзона дар қаламрави бозори «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.

«Шаҳрванди 42-солаи Чин, феълан сокини шаҳри Бӯстон дар ҳолати мастӣ бо ҳамшаҳрии 46-солаи худ, айни замон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муноқишаву ҷанҷол пардохта, бо корд як маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», – омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбар бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.