Ҳалокати 257 кас бар асари садамаи ҳавопаймо дар Алҷазоир

Дар пайи суқути ҳавопаймои артиши Алҷазоир рӯзи 11 апрел дастикам 257 нафар ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар дохили ҳавопаймое, ки дар наздикии фурудгоҳи Буфарик суқут кардааст, низомиён ҳузур доштанд. Дар миёни қурбониҳо инчунин 26 узви ҷабҳаи Полисарио буданд. Гуфта мешавад, ин гурӯҳи низомӣ барои истиқлолияти Саҳрои Ғарбӣ аз Марокаш мубориза бурдааст. Ҳавопаймо […]

Радиои Озодӣ

Дар пайи суқути ҳавопаймои артиши Алҷазоир рӯзи 11 апрел дастикам 257 нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар дохили ҳавопаймое, ки дар наздикии фурудгоҳи Буфарик суқут кардааст, низомиён ҳузур доштанд. Дар миёни қурбониҳо инчунин 26 узви ҷабҳаи Полисарио буданд.

Гуфта мешавад, ин гурӯҳи низомӣ барои истиқлолияти Саҳрои Ғарбӣ аз Марокаш мубориза бурдааст. Ҳавопаймо чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи низомии Буфарик суқут кард.

Як хабаргузории расмӣ гуфтааст, ки ҳавопаймои сохти шӯравии Ил-76 ба самти шаҳри Башор, воқеъ дар ҷанубу ғарби Алҷазоир ҳаракат мекард. Феълан сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест.

Зимнан зикр мегардад, ки Буфарик дар фосилаи 30-километрии пойтахт, шаҳри Алҷазоир ҷойгир аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.