Ниммарафон, пойгаи аспдавонӣ ва тӯйи хатнасур дар ҷашни Рӯзи пойтахт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел (имсол – 21 апрел) таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ доир мегарданд: дар ҳамаи боғҳои шаҳр сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе маросими тӯйи хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро мегузаронад.

Аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки рӯзи ҷашн дар Душанбе бори 9-ум Ниммарафони байнулмилалӣ доир гардида, дар он намояндагони 16 кишвар, аз ҷумла Олмон, Австрия, Беларус, Эрон, Афғонистон, Русия,  Швейтсария, Қазоқистон,  Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд.

Маблағи умумии мукофотпулии ниммарафон 398 ҳазор сомониро ташкил дода, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ дода мешавад.

Ниммарафони байнулмилалӣ ба масофаи 21 километр аз маҷмааи «Наврӯзгоҳ оғоз шуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маҳллаи Хуҷамбиё, нуқтаи назорати БДА «Чорбоғ», хиёбони Рӯдакӣ мегузарад ва дар майдони «Дӯстӣ», назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба итмом мерасад.

Дар назар аст, ки ҷоиза ва мукофотпулиҳоро ба ғолибони мусобиқа шахсан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мекунад.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат ва майдонҳои Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони пойтахт, консерт ва мусобиқаҳоои гуногуни варзишӣ доир гардида, дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ барпо мешавад.

Дар робита ба баргузор намудани тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ҷойи баргузории маросим ва шумори кӯдакон алҳол муайян карда нашудааст.

Ҷашни Рӯзи пойтахт бо консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик ба анҷом мерасал, лекин ҷойи баргузории консерт низ ҳоло маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...