Ниммарафон, пойгаи аспдавонӣ ва тӯйи хатнасур дар ҷашни Рӯзи пойтахт

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел (имсол – 21 апрел) таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ доир мегарданд: дар ҳамаи боғҳои шаҳр сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе маросими тӯйи хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро мегузаронад. Аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории […]

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел (имсол – 21 апрел) таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ доир мегарданд: дар ҳамаи боғҳои шаҳр сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, мақомоти шаҳрдории Душанбе маросими тӯйи хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро мегузаронад.

Аз дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки рӯзи ҷашн дар Душанбе бори 9-ум Ниммарафони байнулмилалӣ доир гардида, дар он намояндагони 16 кишвар, аз ҷумла Олмон, Австрия, Беларус, Эрон, Афғонистон, Русия,  Швейтсария, Қазоқистон,  Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок мекунанд.

Маблағи умумии мукофотпулии ниммарафон 398 ҳазор сомониро ташкил дода, ба иштирокчиён дар байни мардону занон, ки зинаҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3,5 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ дода мешавад.

Ниммарафони байнулмилалӣ ба масофаи 21 километр аз маҷмааи «Наврӯзгоҳ оғоз шуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маҳллаи Хуҷамбиё, нуқтаи назорати БДА «Чорбоғ», хиёбони Рӯдакӣ мегузарад ва дар майдони «Дӯстӣ», назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба итмом мерасад.

Дар назар аст, ки ҷоиза ва мукофотпулиҳоро ба ғолибони мусобиқа шахсан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мекунад.

Дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳат ва майдонҳои Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинону меҳмонони пойтахт, консерт ва мусобиқаҳоои гуногуни варзишӣ доир гардида, дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ» пойгаи аспдавонӣ барпо мешавад.

Дар робита ба баргузор намудани тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ҷойи баргузории маросим ва шумори кӯдакон алҳол муайян карда нашудааст.

Ҷашни Рӯзи пойтахт бо консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик ба анҷом мерасал, лекин ҷойи баргузории консерт низ ҳоло маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.