Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон набуданашро исбот карда наметавонад

Се суди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун ҳуҷчатҳои собиқ пешвои «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро барои баррасии шаҳрванди Тоҷикистон набуданаш қабул накарданд. «Вақте ки ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оварда, ба Суди конститутсионӣ пешниҳод кардам, онҳо гуфтанд, ки «ту зодаи Файзобод ҳастӣ ва бояд ба суди он ҷо муроҷиат намоӣ». Аз суди Файзобод маро ба ноҳияи Шоҳмансури пойтахт […]

Се суди Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун ҳуҷчатҳои собиқ пешвои «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро барои баррасии шаҳрванди Тоҷикистон набуданаш қабул накарданд.

«Вақте ки ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оварда, ба Суди конститутсионӣ пешниҳод кардам, онҳо гуфтанд, ки «ту зодаи Файзобод ҳастӣ ва бояд ба суди он ҷо муроҷиат намоӣ». Аз суди Файзобод маро ба ноҳияи Шоҳмансури пойтахт фиристоданд, чунки ман шиносномаро аз ин ҷо гирифтаам, лекин дар он ҷо бо сабаби ба ВКД тобеъ будани шуъбаи шиносномадиҳӣ ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор доштани ВКД, муроҷиати маро бояд суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мекардааст. Акнун намедонам, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ чӣ сабабе меёфта бошад», – ҳикоят кард ба «Азия-Плюс» Каромат Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, бар асоси маълумотномаи ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод таҳти №733 аз 28.03.2018 сол ӯ дар Китоби қайди ин ҷамоат сабт нашуда, соли 2011 аз қайди он ҷо бароварда шудааст.

Каромат Шарипов мехоҳад, ки сохторҳои Тоҷикистон шаҳрванди Тоҷикистон набудани ӯро тасдиқ кунанд, тибқи қонун ӯ шаҳрванди Русия аст.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 12 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Муддати 5 моҳи пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷчату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шарипов изҳор дошта буд, ки «дар Аврупо зиндагӣ кардан мехоҳад».

«Ман дар Аврупо – Олмон зиндагӣ кардан мехоҳам. Бо дархости гирифтани мақоми гуреза дар ин кишвар муроҷиат карданиам. Дар Олмон ҳам ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар Русия омодаам. Ман забони олмониро медонам, замони Иттиҳоди Шӯравӣ шаша сол дар Олмон зиндагӣ кардаам. Бароям кор лозим аст, то ки зиндагимаро таъмин карда тавонам. Дар ин ҷо кор ёфта наметавонам», – гуфта буд ӯ он замон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.