АНОНС
– Дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти Ирина Лой – дорандаи омзунҳои байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғоз соати 18:00;
– Дар шаҳри Оши Қирғизистон дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми Конфедерасияи футболи Осиё вохӯрии байни дастаҳои соҳибони майдон – «Олой» ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад.Оғоз соати 13:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8847 сомонӣ;
1 евро – 10.8509 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1435 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии бародаршаҳрҳо.
1992 – Дар маркази шаҳри Душанбе, дар майдонҳои Озодӣ ва Шаҳидон гирдиҳамоиҳои стихиявӣ сурат гирифтанд.
1996 – Нашри нахустин ҳафтавори мустақили «Чархи гардун».
1900 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев.
1917 – Мавлуди Туҳфа Фозилова, Ҳунарманди халқии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ. Театри мусикиву драмавии Конибодом номи ӯро дорад.
1932 – Зодрӯзи журналист Мусофир Набиев.
1940 – Мавлуди ҳуқуқшинос, профессор Саломиддин Шарофов (собиқ Прокурори генералии ҶТ).
1953 – Зодрӯзи актёри театр Шаҳобиддин Ҳасанов.
1966 – Мавлуди журналист Сайёфи Мизроб.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+14, рӯзона +24+25; дар доманакӯҳҳо шабона +8+10, рӯзона +19+20.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -2-7, рӯзона +5+10.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +7+14, рӯзона +19+20.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +25+27.
Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боридани борону жола дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +4+5, рӯзона +15+16.


