Press Freedom Index 2018: Тоҷикистон дар мақоми 149-ум

Asia-Plus

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» рейтинги ҳамасолаи озодии матбуотро нашр кард.

Дар Press Freedom Index 2018 мавқеи Тоҷикистон иваз нашуда, чун соли пешин миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад. Вазъи озодии матбуот дар кишварро «Хабарнигорони бидуни марз» «мушкил» арзёбӣ кардаанд.

Тоҷикистон муддати ду сол аст, ки баъди Русия дар ин мақом қарор дорад. Русия дар зинаи 148-уми рейтинг ҷойгир аст.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ вазъи озодии матбуот аз ҳама беҳтар дар Қирғизистон арзёбӣ шудааст, ки дар зинаи 98-ум ҷойгир аст, ҳарчанд соли гузашта ин кишвар дар мақоми 89 қарор дошт. Ӯзбекистон зинаи 165-ум, Қазоқистон – 158 ва Туркманистонмақоми 178-умро касб кардаанд.

Сегонаи пешсафи рейтинг кишварҳои Аврупо Шимолӣ – Норвегия, Шветсия ва Голландия буда, Олмон зинаи 15-ум, Канда – 18, Фаронса – 40 ва ИМА – мақоми 45-умро ишғол кардаанд. Чин дар мақоми 176-ум қарор дошта, дар зинаи охири 180-ум Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҷойгир аст.

Рейтинги мазкур бар асоси таҳлили ҷавобҳои журналистон ва ҷомеашиносон аз кишварҳои гуногун ба саволҳои анкетаи махсуси аз ҷониби созмон таҳияшуда тартиб дода мешавад. Саволҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба кори журналистон – қонунгузорӣ, худсензура, мустақилияти расона, гуногунандешӣ, омодагии ниҳодҳо ва идорахои гуногун ба кор бо рӯзноманигорон ва ғайраро фаро мегирад.

Ғайр аз ин, як қатор нишондиҳандаҳои иловагии дигар, аз ҷумла шумори куштори журналистон, рӯзноманигрони маҳкумшуда, ҳамчунин шумори ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани блогернависон ва ёварони журналистон низ ба инобат гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...