Имкони густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Словакия

Asia-Plus

Тоҷикистону Словакия ният доранд, ки асос қарордодиву ҳуқуқии муноисбатҳои дуҷонибаро мустаҳкам созанд. Ҷонибҳо ба таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқоти имрӯзаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ бо сафири Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Бори масъалаҳои таҳкими робитаҳои байни давлатҳо баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуда, атрофи масъалаҳои марбут ба тақвияти заминаи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, кишоварзӣ, энергетика, фанноварӣ ва саӣёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Махсус таъкид карда шуд, ки ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд.

Зикр гардид, ки соли 2008 дар шаҳри Братислава Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ байни Тоҷикистону Словакия ҳамагӣ 260,8 млн. доллар ва семоҳаи аввали соли равон 32 млн. долларро ташкил дод. Ҳамаи ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба аз воридоти молу маҳсулоти Словакия ба Тоҷикистон иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...