Ифтитоҳи «бародар»-и хурди Ашан – супермаркети «Би1» дар Душанбе

Дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи масҷиди Ҳамадонӣ нахустин супермаркети «Би1» боз шуд. Ояндаи наздик дар дигар маҳаллаҳои пойтахт ва ҷумҳурӣ низ шабакаҳои супермаркетҳои «Би1» (тарҷумааш аз фаросавӣ Bien – «хуб»), ки шабакаи иловагии гипермаркети Ашан мебошад, ифтитоҳ мегардад. Дар маросими ифтитоҳи супермаркет сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ва директори генералии ширкати […]

Дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе, рӯ ба рӯи масҷиди Ҳамадонӣ нахустин супермаркети «Би1» боз шуд.

Ояндаи наздик дар дигар маҳаллаҳои пойтахт ва ҷумҳурӣ низ шабакаҳои супермаркетҳои «Би1» (тарҷумааш аз фаросавӣ Bien – «хуб»), ки шабакаи иловагии гипермаркети Ашан мебошад, ифтитоҳ мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи супермаркет сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ва директори генералии ширкати «Шивер Тоҷикистон» Ален Бартез ҳузур доштанд.

«Сафорат ширкати «Шивер Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард, – иброз дошт сафир. – Иқдоми ширкат ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла бахши хусусӣ мусоидат мекунад, ки ҳатман сармоягузорон ва тоҷирони навро ба Тоҷикистон ҷалб мекунад».

Сафир сарпарастии шахсии директори супермаркети «Би1»-ро ваъда кард, зеро ба ақидаи ӯ, Нигина Дӯстмуҳаммад барои занони дигари тоҷик, ки барои ишғоли мансабҳои роҳбарӣ дар ташкилоту корхонаҳои Тоҷикистон талош меварзанд, намунаи ибрат хоҳад шуд.

Дар супермаркети «Би1» беш аз 5 ҳазор номгӯи молу маҳсулоти ниёзи аввалия пешниҳод мешаванд, ки ҳам аз истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҳам аз молу маҳсулоти воридотии «Ашан» аз Русия харидорӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки се сол пеш ширкати «Шивер Тоҷикистон» нахустин гипермаркети «Ашан»-ро дар Тоҷикистон боз намуда, акнун мавқеи худро дар ҷумҳурӣ ҳамчун сармоягузори муваффақи байнулмилалӣ мустаҳкам мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.