Имкони густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Словакия

Тоҷикистону Словакия ният доранд, ки асос қарордодиву ҳуқуқии муноисбатҳои дуҷонибаро мустаҳкам созанд. Ҷонибҳо ба таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқоти имрӯзаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ бо сафири Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Бори масъалаҳои таҳкими […]

Тоҷикистону Словакия ният доранд, ки асос қарордодиву ҳуқуқии муноисбатҳои дуҷонибаро мустаҳкам созанд. Ҷонибҳо ба таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун манфиатдоранд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар мулоқоти имрӯзаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ бо сафири Ҷумҳурии Словакия дар Тоҷикистон Ян Бори масъалаҳои таҳкими робитаҳои байни давлатҳо баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуда, атрофи масъалаҳои марбут ба тақвияти заминаи ҳуқуқии равобити Тоҷикистону Словакия, аз ҷумла таҳия ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, кишоварзӣ, энергетика, фанноварӣ ва саӣёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Махсус таъкид карда шуд, ки ҳамасола дар доираи барномаи ҳукумати Словакия ба довталабони тоҷик бурсияҳо барои таҳсил дар риштаи магистратура аз рӯи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ пешниҳод карда мешаванд.

Зикр гардид, ки соли 2008 дар шаҳри Братислава Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Словакия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ байни Тоҷикистону Словакия ҳамагӣ 260,8 млн. доллар ва семоҳаи аввали соли равон 32 млн. долларро ташкил дод. Ҳамаи ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба аз воридоти молу маҳсулоти Словакия ба Тоҷикистон иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.