Собиқадорони ҶБВ-и пойтахт 1500 сомонигӣ кумакпулӣ мегиранд

Ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) собиқадорони ин ҷанг, ҳамчунин ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ҳар кадоме ба андозаи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки молии якдафъаина мегиранд. Мутобиқи қарори баимзорасидаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба ин муносибат, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки […]

Ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) собиқадорони ин ҷанг, ҳамчунин ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида ҳар кадоме ба андозаи 1 ҳазору 500 сомонӣ кумаки молии якдафъаина мегиранд.

Мутобиқи қарори баимзорасидаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба ин муносибат, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи  ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 сомонӣ дода мешавад.

Ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 4 майи соли ҷорӣ супоранд.

Барои бо мукофотпулии якдафъаина сарфароз гардонидани собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 720 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Собиқадорони ҶБВ айни замон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ шумори онҳо – 4 нафар, вилояти Суғд – 102 нафар, Хатлон – 136 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ – 66 нафар ва шаҳри Душанбе – 46 нафарро ташкил медиҳад.

Солҳои Ҷанг Бузурги Ватании 1941-1945 аз аҳолии ҳудуди 1,25 млн. нафараи Тоҷикистон наздики 300 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва 55 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 64 нафар бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.