Таваҷҷуҳи Қатар ба сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 29-30 апрели соли 2018 дар шаҳри Давҳа таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон”форуми сайёҳиро баргузор кард.     Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои Қатар, роҳбарони ширкатҳои […]

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 29-30 апрели соли 2018 дар шаҳри Давҳа таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон”форуми сайёҳиро баргузор кард.   

 Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар форум намояндагони вазорату идораҳои Қатар, роҳбарони ширкатҳои саёҳатӣ, сармоягузорон, хабарнигорон ва сафирони кишварҳои хориҷии муқими Давҳа ширкат намуданд.

Форумро сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода оғоз намуда, оид ба рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қатар ва дурнамои тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф суханронӣ кард.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода муаррифномаи муфассалро оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон манзури иштирокчиён намуд. Маводҳои иттилоотӣ ва наворҳои ҷолиби видеоӣ оид ба имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки бо ташаббуси Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ имтиёзҳо ва заминаи ҳуқуқии муносиб муҳайё шудааст.

Аз сармоягузорони қатарӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутақобилан судманд дар рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон ва саёҳати байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.

Иштирокчиёни форум ба иқтидори бузурги сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва куҳнавардию шикор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.