Раҳпаймоӣ дар Париж бо бетартибӣ ва боздоштҳо анҷомид

Роҳпаймоии рӯзи 1 майи иттифоқҳои касабаи Фаронса зидди ислоҳоти иқтисодии президенти ин кишвар Эммануэл Макрон бо бетартибӣ ва боздоштҳо анҷомид. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, наздики 1 ҳазору 200 нафар тундгарои ниқобпӯш сӯи пулис санг ва "коктейли Молотов" ҳаво доданд. Анбуҳи эътирозгарон бояд аз майдони Бастилия то майдони Италия роҳпаймоӣ мекарданд, аммо роҳпаймоии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Роҳпаймоии рӯзи 1 майи иттифоқҳои касабаи Фаронса зидди ислоҳоти иқтисодии президенти ин кишвар Эммануэл Макрон бо бетартибӣ ва боздоштҳо анҷомид.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, наздики 1 ҳазору 200 нафар тундгарои ниқобпӯш сӯи пулис санг ва "коктейли Молотов" ҳаво доданд.

Анбуҳи эътирозгарон бояд аз майдони Бастилия то майдони Италия роҳпаймоӣ мекарданд, аммо роҳпаймоии иттифоқҳои касабаро намояндагони ҳаракати тундгарои "Блоки сиёҳ" халалдор карданд. Онҳо айвонҳои мағозаҳову бонкҳоро тахриб ва қуттиҳои партовро оташ заданд.

https://www.youtube.com/watch?v=Ayw4ki9gynk

"Блоки сиёҳ" бо даст доштанаш дар бетартибиҳои Гамбург дар тобистони соли 2017 дар рӯзҳои мулоқоти "Бистгонаи бузург" маъруф аст. Он замон бештар аз 70 пулис маҷруҳ шуда буд.

Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба радиои France Info баъди бетартибиҳо дар раҳпаймоӣ 102 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор доштааст, ки бетартибҳоро қотеъона маҳкум карда, масъулон ба хушунат ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.