Пешвои мухолифони Арманистон ба тазоҳуроти сартосарӣ даъват кард

Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян пас аз он ки порлумони ин кишвар зидди номзадии ӯ ба мақоми сарвазирӣ раъй дод, аз ҷонибдорони худ даъват кард, то тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва фурудгоҳи шаҳри Ереванро бибанданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Арманистон 1 май аз номзадии Пашинян ба мақоми сарвазирии ин кишвар ҳимоят накард. Ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбари мухолифони Арманистон Никол Пашинян пас аз он ки порлумони ин кишвар зидди номзадии ӯ ба мақоми сарвазирӣ раъй дод, аз ҷонибдорони худ даъват кард, то тамоми кӯчаву хиёбонҳо ва фурудгоҳи шаҳри Ереванро бибанданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Арманистон 1 май аз номзадии Пашинян ба мақоми сарвазирии ин кишвар ҳимоят накард. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ танҳо 45 вакил раъй дода, 55 тани дигар зид баромаданд.

Раҳбари мухолифони Арманистон шаби ҳамон рӯз дар майдони "Республика"-и Ереван суханронӣ ва аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки дубора даст ба нофармонии маданӣ бизананд.

"Аз соати 8:15 дақиқа тамоми роҳҳо баста ва корпартоии сартосарӣ эълон хоҳад шуд. Ҳамчунин фурудгоҳу роҳи оҳан низ баста мешаванд. Ҳаракати мо бидуни пирӯзӣ ба поён нахоҳад расид. Аз фардо нофармонии мадании умумӣ оғоз хоҳад шуд", – гуфт Пашинян.

Ба гуфтаи вай, пайравонаш ҳамоиши осоиштаи эътирозӣ баргузор хоҳанд кард ва аз кормандони пулис даъват кард, ки чӯбдастҳои худро гузошта, ба мардум бипайванданд.

Бар пояи қонунҳои Арманистон, агар порлумон дар ҷаласаи вижаи худ натавонад сарвазирро интихоб кунад, пас аз 7 рӯз дубора раъйгирӣ баргузор хоҳад кард. Агар дар раъйгирии дувум ҳам интихоб нашавад, порлумон пароканда ва интихоботи нави порлумонӣ эълон хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.