1:0 – ғалабаи «Истиқлол» дар меҳмонӣ бар «Аҳал»-и Туркманистон

Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими «Аҳал»-и Туркманистон дастболо шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, бозӣ дар варзишгоҳи «Ашқобод» бо ҳузури 18,5 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯби ягонаро дар дақиқаи […]

Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими «Аҳал»-и Туркманистон дастболо шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, бозӣ дар варзишгоҳи «Ашқобод» бо ҳузури 18,5 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 52-юм капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд.

Ин ғалабаи 4-уми «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буда,  футболбозони тоҷик бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи «D» устуворона пешсафанд. Агар имрӯз «Олтин Асир»-и Туркманистон дар вохӯрӣ бо «Олой»-и Қирғизистон дар майдони худ бозиро бой диҳад ё мусовӣ анҷом диҳад, «Истиқлол» пеш аз муҳлат ба даври дигари мусобиқа роҳхат мегирад.

Бозии охирини давраи гурӯҳи санаи 16 май доир гардида, «Истиқлол» дар майдони худ «Олтин Асир» ва «Олой»-и Қирғизистон «Аҳал»-ро қабул мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.