Соҳибони автомашинаҳо: «Чаро касе моро шуниданӣ нест?»

Аз оғози манъи воситаҳои нақлиёти муҳлати истеҳсолашон аз 13 сол зиёд ба Тоҷикистон ду ним моҳ сипарӣ шуда, лекин масъалаи автомашиниҳои аллакай ба Тоҷикистон воридшуда то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад. Мувофиқи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ воридоти автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2005 аз 15 феврали соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт. Мо қаблан дар бораи ҷамъ […]

Аз оғози манъи воситаҳои нақлиёти муҳлати истеҳсолашон аз 13 сол зиёд ба Тоҷикистон ду ним моҳ сипарӣ шуда, лекин масъалаи автомашиниҳои аллакай ба Тоҷикистон воридшуда то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.

Мувофиқи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ воридоти автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2005 аз 15 феврали соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт.

Мо қаблан дар бораи ҷамъ шудани беш аз 1300 автомашина дар терминал ва дидбонгоҳҳои нигаҳдории муваққатии гумруки вилояти Суғд маълумот дода будем, ки соҳибони ин автомашианҳо то рӯзи манъ як-ду ҳафта дер карданд.

Мо бо соҳибони ин автомашинаҳо дар тамос шуда, онҳо изҳор доштанд, ки вазъ тағйир наёфтааст.

«Мошинҳо истодаанд. Ҳамарӯза барои нигаҳдории ҳар як автомашина дар дидбонгоҳ 10 сомонӣ месупорем. Гумрукчиён вазъро ба мо ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд ва ҳамеша ба такрор мегӯянд, ки : «вазъ то аз ҷониби ҳукумат қабул шудани қарор дар бораи бекор кардани қарори моҳи январ ё тағийри муҳлатҳо дигар намешавад». Мо чӣ кор кунем? Чаро моро касе шуниданӣ нест?», – мегӯяд яке аз моликони автомашинаҳо.

Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала мо ба муовини аввали сардори Раёсати минтақавии хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Султон Эрбобоев муроҷиат кардем, лекин ӯ аз суҳбат бо мо худдорӣ намуд. «Ман ҳеҷ гуна шарҳе намедиҳам», – изҳор дошт Эрбобоев.

Як манбаъ дар ҳамин Раёсат бо шарти ифшо нашудани ному насаб тасдиқ кард, ки автомашинаҳои воридшуда дар дидбонгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

«Муҳлати ниҳоии нигаҳдорӣ дар дидбонгоҳи гумрукии барасмиятдарории молҳои зераксизӣ ду моҳро ташкил медиҳад. Раҳбарияти Хадамоти гумрук аз ин вазъ огаҳ аст. То ҳол нисбати ин масъала ба Раёсати минтақавии хадамоти гумрук дар вилояти Суғд ҳеҷ дастуре дода нашудааст», – иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки ду ҳафта пеш (16 апрел) ба дархости хаттии мо ба Хадамоти гумруки ҶТ посух доданд, ки ба ҳаллу фасли ин масъала онҳо салоҳият надоранд ва қарори ҳукумат танҳо баъди қабули санади меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор бекор шуда метавонад. Ин ҳам аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.