Лоиҳаи нави ИА оид ба пешбурди омӯзиши касбии фарогир барои ҷавонони маъюб

Маросими муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо (ИА)  оид ба пешбурди омӯзиши касбии фарогир барои ҷавонони маъюб санаи 4 май дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” баргузор мегардад. Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир»-ро 1 апрели соли 2018 оғоз намуд. Лоиҳа аз […]

Маросими муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо (ИА)  оид ба пешбурди омӯзиши касбии фарогир барои ҷавонони маъюб санаи 4 май дар бинои Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” баргузор мегардад.

Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир»-ро 1 апрели соли 2018 оғоз намуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (90%) ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (10%) маблағгузорӣ шуда, барои дастгирии сохторҳо ва сиёсатҳои омӯзиши касбии фарогир равона гардидаст. Афзалият ба эҳтиёҷоти ҷавонони маъюб дода мешавад.

Намояндагии DVV International ва ташкилотҳои шарики он барои тақвият додани ҳуқуқҳои маъюбон, беҳтар намудани муҳити миллӣ ва маҳаллӣ барои омӯзишии касбии фарогир, ва фароҳам овардани хизматрасониҳои омӯзиши касбии босифат ва таҳсилоти ғайрирасмӣ барои ҷавонони маъюб дар се шаҳр: Рашт, Панҷакент ва Душанбе  кор мекунанд.

Якҷоя бо ТҶ «Ассосиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва ТҶ Созмони занони маъюб «Иштирок», Намояндагии DVV International курсҳои омӯзиши касбиро, ки махсусан ба эҳтиёҷоти шахсони маъюб мутобиқ мебошанд, таҳия карда, барои истифода пешниҳод мекунанд. Беҳтар намудани малакаи касбӣ барои баромади шахсони маъюб ба бозори маҳаллии меҳнат мусоидат мекунад. Иштирокчиён инчунин мефаҳманд, ки чӣ тавр бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва миллӣ барои татбиқи ҳуқуқи худ ба таҳсил ҳамкорӣ созанд.

Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикстон" (МТКТ) дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 36 филиалҳои худ дар тамоми мамлакат, инчунин бо мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии маҳаллии шаҳрҳои Рашт, Панҷакент ва Душанбе, Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон барномаҳои таълимии комплексӣ таҳия намуда дар се филиалҳои МТКТ дар шаҳрҳо (Рашт, Панҷакент ва Душанбе) амалӣ месозад. Илова бар ин, дар ин филиалҳо инфрасохтори дастрас қисман фароҳам мегардад. Таҷрибаи ин се филиал метавонад минбаъд барои беҳтаркунии дастрасии ҳамаи филиалҳои МТКТ дар саросари кишвар истифода шавад.

Илова бар ин, лоиҳае, ки 2,5 сол давом медиҳад, таҳсилоти фарогирро пеш мебарад, инчунин сатҳи огоҳии мардумро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони маъюб тавассути нашрияҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ баланд мебардорад.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ба аҳли ҷомеа, ҷонибҳои манфиатдори эҳтимолӣ, ва мутахассисоне, ки бо ҷавонони маъюб ва волидайни онҳо кор мебаранд, пешниҳод мегарданд. Пешбинӣ шудааст, ки на камтар аз 30 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ВАО дар чорабинӣ иштирок намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.