Фестивали ҷолиб. Тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Осмони Душанбе»

Дар дафтари кории гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни аксбардорони нахустин Фестивали бодбаракҳо (воздушные змеи) доир гардид. Туҳфаҳоро намояндагони созмондиҳандаи ин озмун – ширкати «Оби зулол/RC-cola» ва гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» супурданд. Се ғолиб аз рӯи шумори аз ҳама бештар писандидагон (лайк) дар Инстаграм муайян карда шуданд. Зинаи аввал ва телевизор ба донишҷӯи […]

Дар дафтари кории гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни аксбардорони нахустин Фестивали бодбаракҳо (воздушные змеи) доир гардид. Туҳфаҳоро намояндагони созмондиҳандаи ин озмун – ширкати «Оби зулол/RC-cola» ва гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» супурданд.

Се ғолиб аз рӯи шумори аз ҳама бештар писандидагон (лайк) дар Инстаграм муайян карда шуданд.

Зинаи аввал ва телевизор ба донишҷӯи курси сеюм, зодаи шаҳри Истаравшан  Дониёрхӯҷа Баҳромзода супурда шуд, ки бештар писандида шуда, ӯ барои фестивал ҳамроҳи дӯстонаш бодбараки махсус сохта буд.

Ба мақоми дуюм ва смартфон Фирӯз Бақоев соҳиб шуд, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар фестивал ҳузур дошта, беҳтарин акси бардоштаашро аз телефон ирсол намуд.

Донишҷӯ Шукрулло Худойбердиев ҷойи сеюмро ишғол намуда, ба ӯ оташдон (микроволновка) ҳадя шуд. Бо аксбардорӣ аз ҷараёни фестивал ӯ дар Инстаграм як албоми комилеро гузошт.

Ҳамаи иштирокчиён ба гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол» миннатдорӣ изҳор намуда, дархост карданд, ки ин фестивал соли оянда низ барпо шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар фестивал ҳазорон нафар ширкат варзида, ин чорабинӣ аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва ширкати «Оби зулол/RC-cola» ташкил карда шуд. Фестивал бо дастгирии мақомоти шаҳрдории Душанбе ва дар ҳамшарикӣ бо ширкатҳои Tcell, «Тоҷик Эйр» ва «Гедеон Рихтер» баргузор шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.