Қадрдонии хабарнигори Asia-Plus ба ҷоизаи «Олтин қалам»-и Ӯзбекистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Хабарнигори гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus Аваз Юлдошев ба мукофоти Ҷоизаи ХIII миллии Ӯзбекистон дар соҳаи журналистика “Олтин қалам” (Қалами тиллоӣ) қадрдонӣ шуд.

Дар номинатсияи “Барои беҳтарин маводи журналистони хориҷӣ дар бораи Ӯзбекистон” дар баробари дигар рӯзноманигорон аз Туркия, Италия ва Қирғизистон, фаъолияти пурмаҳсули Аваз Юлдошев низ дар ин самт зикр шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Озмуни байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи “Олтин қалам” аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии рӯзноманигрони Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Маркази бозомӯзии журналистони ин кишвар ва як қатор ташкилотҳо гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории он таблиғи дастовардҳои беҳтарини миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи журналистика, тақвияти мавқеи шаҳрвандии кормандони ВАО, ташаккул ва ҳавасмандсозии афкори интиқодӣ-таҳлилӣ, ҳамчунин истифодаи тарзҳои нав дар фаъолияти эҷодии журналистон унвон мешавад.

Озмуни мазкур ҳамасола ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот, ки санаи 3 май таҷлил мегардад, баргузор мешавад.

Ба иттилои як манбаъ аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, рӯзҳои наздик  дар Душанбе маросими тақдими ҷоиза ба журналисти тоҷик доир мегардад.

Гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus Аваз Юлдошевро бо дарёфти ин ҷоиза табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтарро орзу мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...