Роуминги қулайи “Мегафон Тоҷикистон” ба муштариён дар Ӯзбекистон

Аз 5 май муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд, имкон пайдо мекунанд, ки бо шартҳои муфид хизматрасониҳои алоқаро истифода намоянд. Бо хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” занги содиротӣ ба хона ё дар ҳудуди Ӯзбекистон 2,5 сомониро барои як дақиқа ташкил дода, арзиши даъвати воридотӣ ба 1,2 сомонӣ баробар аст. SMS-паёмак – 0,3 сом., […]

Иттилоияи расмӣ

Аз 5 май муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба давлати ҳамсоя сафар мекунанд, имкон пайдо мекунанд, ки бо шартҳои муфид хизматрасониҳои алоқаро истифода намоянд.

Бо хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” занги содиротӣ ба хона ё дар ҳудуди Ӯзбекистон 2,5 сомониро барои як дақиқа ташкил дода, арзиши даъвати воридотӣ ба 1,2 сомонӣ баробар аст. SMS-паёмак – 0,3 сом., 1 Мб трафики интернет – 0,5 сомонӣ.

Барои истифодаи хизматрасонӣ дар Ӯзбекистон бояд тафтиш кард, ки оё “Роуминги қулай” дар рақами муштарӣ фаъол аст ё не. Барои ин дар телефон рақамчинӣ кардани дархости *992# кифоя аст. Агар хизматрасонӣ ба таври нобаён бинобар ягон сабабе фаъол нашуда бошад, онро метавон тавассути дархости кӯтоҳи *992*1# ва пахши тугмаи даъват фаъол намуд.

Агар “Роуминги қулай” фаъол бошад, зарур аст, ки “Ҳамсояҳои роумингӣ” барои Ӯзбекистон бо дархости *390*1# пайваст карда шавад. Пас аз ин ҳангоми қарор доштан дар кишвар-дӯсти Ӯзбекистон ба муштариёни “МегаФон” нархҳои муфид барои алоқа дастрас мешаванд. Муҳим: пас аз бозгашт ба хона хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” бояд бо рақамчинии *390*2# қатъ карда шавад.

“Бо пешбинии пешниҳоди муфид барои муштариёне, ки ба Ӯзбекистон сафар мекунанд, мо диққати махсусро на танҳо ба пасткунии нархҳо дар роуминг равона кардем, балки ҷиҳатҳои қулайи идоракунии хизматрасониро низ ҳаматарафа ба назар гирифтем. Ҳамаи амалҳои марбутаро метавон мустақилона бе муроҷиат ба идораҳои хизматрасонӣ ё истифода аз сомонаи “МегаФон Тоҷикистон” анҷом дод. Якчанд USSD-дархостҳои оддӣ аз телефон – ва “Ҳамсояҳои роумингӣ” аллакай дар амал аст”, – изҳор дошт Ҷамшед БОБОАЛИЕВ, Директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.